에스더 10장 타지크어 (부분)

  1. 1 Сипас подшоҳ Аҳашверӯш тамоми сарзамин, ҳатто ҷазираҳои дурро ба андоз супоридан водор намуд.
  2. 2 Ҳамаи дастовардҳои калони подшоҳ ва бузургдошти Мордахай, ки шоҳ ӯро ба ин дараҷа расонд, дар Китоби Таърихи Подшоҳони Модай ва Форс навишта шудаанд.
  3. 3 Хуллас, Мордахайи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуввум буд. Вай дар байни яҳудиён одами бузург ҳисоб меёфту байни хешу табораш эҳтироми баланд дошт. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ барои манфиати халқаш кор мекард ва барои беҳбудии ҳамаи яҳудиён баромад менамуд.