에스더 6장 타지크어 (부분)
- 1 Худи ҳамон шаб хоби подшоҳ парид. Бинобар ин фармон дод, ки китоби ёддоштҳоро оварда, дар наздаш хонанд.
- 2 Ҳангоме ки китобро мехонданд, дар он қайде ёфт шуд, ки чӣ тавр Мордахай дар бораи нақшаи куштори подшоҳ хабар дода буд (ҳамон нақшаи куштори шоҳ, ки дарбонон — Биғтон ва Тораш кашида буданд).
- 3 «Ба Мордахай барои ин кораш чӣ мукофот дода шуд?» — пурсид шоҳ. «Ҳеҷ чиз», — ҷавоб доданд хизматгоронаш.
- 4 Шоҳ пурсид: «Назди дар ягон кас ҳаст?» Ҳаман бошад, ҳозиракак ба қисми берунии қаср даромада буд, то ки бо шоҳ дар бораи овехтани Мордахай дар дори тайёршуда гуфтугӯ кунад.
- 5 Хизматгорон дар ҷавоб ба шоҳ гуфтанд: «Ана, Ҳаман омадааст». «Бигзор дарояд», — фармон дод шоҳ.
- 6 Чун Ҳаман даромад, шоҳ аз ӯ пурсид: «Барои нафаре, ки шоҳ сарбаланду ифтихорманд гардондан мехоҳад, чӣ бояд кард?» Ҳаман бошад ба худ фикр кард: «Оё ба ғайр аз ман боз касе ҳаст, ки подшоҳ мехост ифтихорманд гардонад? Албатта не».
- 7 Аз ин рӯ, ба подшоҳ гуфт: «Барои нафаре, ки подшоҳ мехоҳад ифтихорманд гардонад,
- 8 ҷомаи шоҳонаи подшоҳ, ки худи шоҳ пӯшидааст, оварда шавад. Инчунин асперо бо тоҷи шоҳона бар сар, ки худи шоҳ дар он савор шудааст, биёранд.
- 9 Сипас, ҳамаи ин чизҳо ба яке аз мансабдорони олимартабаи шоҳ дода шавад. Бигзор ӯ касеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, ҷомаи шоҳона пӯшонад. Инчунин ӯро болои асп дар маркази шаҳр бигардонаду пешопеш роҳ рафта, эълон намояд: „Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!“».
- 10 «Худи ҳозир рафта, ҷомаву аспро бигир ва чунон ки гуфтӣ, ҳамон тавр барои Мордахайи яҳудӣ, ки дар дарбор хизмат мекунад, бикун, — амр кард подшоҳ. — Ҳеҷ чизро аз гуфтаҳоят фаромӯш накун».
- 11 Ҳамин тавр, Ҳаман ҷомаву аспро гирифт. Ҷомаро ба Мордахай пӯшониду вайро дар асп савор карда, дар маркази шаҳр гардонид. Инчунин пешопеши ӯ эълон намуда, фарёд кард: «Мукофоти шахсеро, ки шоҳ сарбаланд гардондан мехоҳад, бубинед!»
- 12 Баъд аз ин Мордахай ба дарбори подшоҳ баргашт. Ҳаман бошад рӯяшро аз шарм пӯшида, зуд ба хона шитофт.
- 13 Дар хона воқеаи бо вай рӯйдодаро ба занаш — Зареш ва дӯстонаш нақл кард. Сипас занаш бо он дӯстони хирадмандаш ба ӯ гуфтанд: «Азбаски Мордахай, ки бар вай дигар қудрат надорӣ, яҳудӣ аст, бар зидди ӯ истодагарӣ карда наметавонӣ. Ту, бешубҳа, шикаст хоҳӣ хӯрд!»
- 14 Ҳангоме ки онҳо ҳанӯз бо ӯ сӯҳбат мекарданд, хизматгорони шоҳ омада, зуд Ҳаманро ба зиёфати Эстер бурданд.