마가복음 11장 타지크어 (부분)
- 1 Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода,
- 2 ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, харкурраи бастаеро мебинед, ки ҳанӯз ба он касе савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред.
- 3 Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад».
- 4 Он ду шогирд рафта, харкурраеро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд
- 5 баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харкурраро мекушоед?»
- 6 Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд.
- 7 Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои харкурра партофтанд ва Исо ба он савор шуд.
- 8 Бисёр одамон ҷомаҳои худро сари роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд.
- 9 Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!
- 10 Муборак бошад подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки наздик омада истодааст! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»
- 11 Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба Хонаи Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд.
- 12 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Ҳинӣ мерафтанд, Исо гурусна монд.
- 13 Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки дар шохаҳояш ғайр аз барг чизи дигаре набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд.
- 14 Сипас, Исо дарахти анҷирро лаънат карда гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.
- 15 Ҳангоме ки ба Ерусалим даромаданд, Исо ба Хонаи Худо рафт ва онҳоеро, ки дар он ҷо машғули хариду фурӯш буданд, берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард.
- 16 Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни Хонаи Худо гузаронад.
- 17 Сипас мардумро таълим дода гуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман ҷои дуогӯӣ барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба лонаи дуздон табдил додаед».
- 18 Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ ин суханонро шуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд.
- 19 Худи ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт.
- 20 Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ ҳамон дарахти анҷирро диданд, ки аз решааш хушк шудааст.
- 21 Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кунед! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардед, хушк шудааст!»
- 22 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед.
- 23 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархезу ба баҳр биафт“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чӣ мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш рӯй медиҳад.
- 24 Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чӣ дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад.
- 25 25–26 Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе хафагие дошта бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонӣ низ гуноҳҳоятонро ба шумо бахшида тавонад».
- 27 Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада
- 28 пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?»
- 29 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо саволе медиҳам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам.
- 30 Ба Ман бигӯед, ки ҳуқуқи таъмиддиҳиро ба Яҳё Худо ё инсон дода буд?»
- 31 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар бигӯем, ки Худо дода буд, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“
- 32 Агар бигӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум имон доштанд, ки Яҳё пайғамбари Худост).
- 33 Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».