마가복음 4장 타지크어 (부분)
- 1 Бори дигар Исо дар канори кӯл ба мардум таълим медод ва тӯда-тӯдаи одамон дар гирдаш ҷамъ омаданд. Бинобар ин Ӯ маҷбур шуд, ки ба қаиқ нишаста, аз кӯл ба мардуме, ки дар соҳил буд, сухан гӯяд.
- 2 Ӯ таълим додани бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо сар кард. Ӯ гуфт:
- 3 «Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд.
- 4 Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онро аз замин чида пок-покиза мехӯранд.
- 5 Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад.
- 6 Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад.
- 7 Як миқдори дигараш ба миёни хорҳо меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи баромадаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад.
- 8 Лекин як ҳиссаи донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад».
- 9 Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»
- 10 Вақте ки Ӯ танҳо буд, он дувоздаҳ нафар ва пайравонаш аз Ӯ маънои масалро пурсиданд.
- 11 Исо ҷавоб дод: «Худо ба шумо сирру асрори подшоҳии худро ошкор кардааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо мақолу масалҳо таълим дода мешавад,
- 12 то ки онҳо „бо чашмони худ нигоҳ кунанду набинанд, бо гӯшҳои худ шунаванду нафаҳманд ва сӯи Худо рӯ нагардонанд, то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“».
- 13 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?
- 14 Деҳқон каломи Худоро мекорад.
- 15 Он ҳиссаи донаҳо, ки ба пайраҳа меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошта шударо медуздад.
- 16 Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, якбора бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд,
- 17 вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд.
- 18 Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд,
- 19 аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи бойигарӣ ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд.
- 20 Вале донаҳое, ки ба замини ҳосилхез меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду қабул мекунанд ва сӣ, шаст ва сад баробар бештар ҳосил медиҳанд».
- 21 Баъд аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери тағора ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд?
- 22 Ҳамин тавр, ҳар чӣ пинҳон ва пӯшида аст, ошкор ва равшан мегардад.
- 23 Пас, ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!
- 24 Суханони мешунидаатонро бо диққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу шумо баркашед, бо ҳамон санги тарозу ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумо баркашида мешавад.
- 25 Зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ҳам зиёдтар дода мешавад ва касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад».
- 26 Исо суханони худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад
- 27 ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки сабзиш чӣ тавр сурат мегирад.
- 28 Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад.
- 29 Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст».
- 30 Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем?
- 31 Вай монанди донаи хардалест, ки ҳангоми коштан аз ҳамаи донаҳои рӯи замин майдатарин мебошад,
- 32 вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама гиёҳҳо баландтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки паррандаҳо дар сояаш лона месозанд».
- 33 Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро ба тариқи чунин масалҳои зиёд баён мекард.
- 34 Исо ба онҳо ҳама чизро бо масал таълим медод, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд.
- 35 Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба канори дигари кӯл гузарем».
- 36 Сипас, онҳо мардуми дар соҳил ҷамъомадаро тарк карданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, ба роҳ даромаданд. Бо Ӯ қаиқҳои дигар ҳам равона шуданд.
- 37 Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд.
- 38 Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдонаш Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надоред, ки мо мемирем?!»
- 39 Ӯ бархест ва бодро таъна зада, ба кӯл фармон дод: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.
- 40 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?»
- 41 Вале онҳо, дар ҳолате ки тарсу ҳарос тамоми вуҷудашонро фаро гирифта буд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин кӣ аст, ки ҳатто бод ва кӯл ба Ӯ итоат мекунанд!»