마가복음 7장 타지크어 (부분)
- 1 Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва шариатдонон аз Ерусалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада
- 2 диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти «бетаҳорат», яъне ношуста хӯрок мехӯранд.
- 3 Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фирқаи фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд.
- 4 Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла ва дегу табақҳои биринҷӣ.
- 5 Фарисиён ва шариатдонон аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои бетаҳорат хӯрок мехӯранд?»
- 6 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте оид ба шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ карда гуфта буд: „Худо мегӯяд: «Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст.
- 7 Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“
- 8 Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед.
- 9 Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ шуда моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед.
- 10 Масалан, Худо ба воситаи Мӯсо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“.
- 11 Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам,
- 12 шумо дигар намегузоред, ки вай ба падару модараш ягон кӯмаке кунад.
- 13 Ҳамин тавр шумо суханони Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли ин мекунед».
- 14 Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамаатон Маро гӯш карда, бифаҳмед.
- 15 15–16 Ҳар чизе ки аз берун ба даруни одам медарояд, вайро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, вайро ҳаром мекунад».
- 17 Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд.
- 18 Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чӣ ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад?
- 19 Чунки хӯрок ба дили шумо дохил намешавад, балки аз меъдаи шумо гузашта, берун мебарояд» (бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст).
- 20 Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад.
- 21 21–22 Чунки маҳз аз дохил, аз дили инсон ниятҳои бад берун меоянд, ба монанди алоқаи беникоҳ, дуздиву одамкушӣ ва бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду тӯҳматкунӣ, мағрурӣ ва бефаросатӣ.
- 23 Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд».
- 24 Аз он ҷо Исо ба шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад. Вале ин кор ба Ӯ муяссар нашуд.
- 25 Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод.
- 26 Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо девро аз духтараш берун кунад.
- 27 Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба сагон додан нодуруст аст».
- 28 Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, хоҷаам, вале сагон ҳам нонпораҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро чида мехӯранд».
- 29 Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, ки дев аз духтарат дур шудааст».
- 30 Зан ба хонааш омада дид, ки дев аз духтараш берун шуда, вай ором хобидааст.
- 31 Сипас, Исо аз Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи кӯли Ҷалил ба ноҳияи Даҳ Шаҳр равона шуд.
- 32 Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад.
- 33 Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд.
- 34 Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад.
- 35 Он мард зуд шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданд, забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зада метавонистагӣ шуд.
- 36 Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамон қадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд.
- 37 Мардум қоил шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд».