누가복음 17장 타지크어 (부분)
- 1 Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Албатта васвасаҳои зиёд пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд.
- 2 Агар бар гардани вай санги осиёбро овехта, ӯро ба баҳр мепартофтанд, барояш беҳтар аз он мебуд, ки ӯ яке аз пайравони хурдтаринро ба васвасаи гуноҳ андозад.
- 3 Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро таъкид кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бубахшед.
- 4 Агар рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам“ гӯяд, бояд ӯро бубахшед».
- 5 Вакилон ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёдтар бикун».
- 6 Худованд гуфт: «Агар имонатон донаи хардал барин бошад, шумо ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав“ гуфта метавонед ва вай ба шумо итоат мекунад.
- 7 Фарз кардем, ки яке аз шумо хизматгоре дореду вай ба шудгори замин ва ё ба чӯпонӣ машғул аст. Магар вақти аз киштзор баргаштанаш шумо ба вай мегӯед, ки зуд омада назди дастархон бишинад?
- 8 Магар ба ӯ чунин намегӯед: „Хӯроки шомро тайёр кун ва то вақте ки ман мехӯраму менӯшам, миёнатро маҳкам баста, ба ман хизмат кун. Баъдтар худат мехӯрӣ ва менӯшӣ?“
- 9 Охир, шумо ба хизматгоратон барои иҷро кардани фармонҳоятон ташаккур намегӯед-ку?
- 10 Пас, шумо низ, баъд аз он ки фармонҳои ба шумо додашударо иҷро мекунед, бигӯед: „Мо танҳо хизматгори ночиз ҳастему вазифаи худро иҷро кардем“».
- 11 Исо ба сӯи Ерусалим равона шуд. Вай қад-қади сарҳаде, ки байни Сомарияву Ҷалил буд, роҳ мерафт.
- 12 Боре, вақте ки Ӯ ба деҳае медаромад, бо даҳ одамони махав рӯ ба рӯ шуд. Онҳо каме дур истода
- 13 дод мезаданд: «Эй Исо, хоҷа, ба мо раҳм кунед!»
- 14 Исо онҳоро дида, гуфт: «Бираведу худро ба рӯҳониён нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва дар аснои роҳ пок шуданд.
- 15 Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоиш намуда, баргашт
- 16 ва худро пеши пойҳои Исо партофта, ба Ӯ миннатдорӣ баён кард. Ӯ марди сомарӣ буд.
- 17 Исо пурсид: «Магар даҳ нафар пок нашудаанд? Нӯҳ нафари дигар куҷоянд?
- 18 Пас, наход ғайр аз ин марди бегона ягон нафаре аз онҳо барнагашт, ки Худоро ҳамду сано хонад?»
- 19 Баъд ба он мард гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод».
- 20 Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Аз рӯи нишонаҳои намоён омадани подшоҳии Худоро муайян кардан имконнопазир аст.
- 21 Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост“ ва ё „Вай дар он ҷост!“ Охир, подшоҳии Худо аллакай дар байни шумо вуҷуд дорад».
- 22 Вале ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки ба дидани Фарзанди Инсон зор мешавед, вале Ӯро намебинед.
- 23 Ба шумо мегӯянд: „Вай дар он ҷост!“ ё „Вай дар ин ҷост!“ Аз ҷоятон ҷаста, аз қафояшон надавед.
- 24 Зеро Фарзанди Инсон дар рӯзи омаданаш монанди барқе, ки дурахшида осмонро аз як сӯ то сӯи дигар нурпошӣ мекунад, пайдо мешавад.
- 25 Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад.
- 26 Чи тавре ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд, пеш аз омадани Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр мешавад.
- 27 Зеро то рӯзи ба киштӣ даромадани Нӯҳ одамон мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, вале баъд тӯфон бархоста, ҳамаро несту нобуд кард.
- 28 Ҳамчунин монанди замони Лут хоҳад буд, ки одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, мекоштанду иморат месохтанд.
- 29 Вале рӯзе, ки Лут аз шаҳри Садӯм баромад, ба рӯи замин оташу сулфур борида, ҳамаро нест кард.
- 30 Рӯзе, ки Фарзанди Инсон зоҳир мегардад, низ ҳамон тавр хоҳад буд.
- 31 Агар касе он вақт дар болои бом бошаду чизу чорааш даруни хона, барои гирифтани онҳо поён нафарояд ва ҳар кӣ дар саҳро бошад, ба хонааш барнагардад.
- 32 Зани Лутро ба хотир оваред.
- 33 Ҳар кӣ ҷони худро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад ва ҳар кӣ ҷони худро фидо кунад, онро эмин нигоҳ хоҳад дошт.
- 34 Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як ҷойгаҳ хобанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
- 35 35–36 Аз ду зане, ки дар як осиёб гандум орд мекунанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад».
- 37 Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Эй Худованд, ин дар куҷо ба амал меояд?» Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар ҷо ки ҷасади мурдае бошад, паррандаҳои лошахӯр дар он ҷо гирд меоянд».