요한복음 1장 타지크어 (부분)
- 1 Дар ибтидо Калом буд ва ин Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд.
- 2 Вай дар аввал бо Худо буд
- 3 ва ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шуду бе Ӯ ҳеҷ чизе аз офариниш пайдо нашуд.
- 4 Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд.
- 5 Равшанӣ дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонад.
- 6 Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода мешавад,
- 7 ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳаду ҳама ба воситаи Ӯ имон оваранд.
- 8 Яҳё худ равшанӣ набуд, вале барои он омад, ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳад.
- 9 Он равшании ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон медурахшад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
- 10 Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд.
- 11 Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд.
- 12 Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд.
- 13 Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
- 14 Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.
- 15 Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ман Ӯро дар назар дошта ба шумо гуфта будам, ки баъд аз ман каси аз ман бузургтаре меояд, чунки Вай пеш аз ман вуҷуд дошт».
- 16 Аз фаровонии файзи Ӯ ҳамаи мо баракат аз паси баракат ёфтаем.
- 17 Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
- 18 Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.
- 19 19–20 Вақте роҳбарони яҳудӣ аз Ерусалим ба назди Яҳё чанд нафар рӯҳониён ва левизодагонро фиристоданд, то аз ӯ кӣ буданашро бипурсанд, Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонду ошкоро эълон карда, чунин шаҳодат дод: «Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам».
- 21 Онҳо боз пурсиданд: «Пас, шумо кистед? Оё Илёс пайғамбаред?» «Не», — ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбаред, ки мунтазираш ҳастем?» «Не», — гуфт ӯ.
- 22 Онҳо пурсиши худро давом доданд: «Охир, шумо кистед? Мо бояд ба касоне, ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем. Шумо дар бораи худ чӣ мегӯед?»
- 23 Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод: «Ман касе ҳастам, ки дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳро рост намоед!“».
- 24 Аз тарафи фарисиён низ фиристодашудагоне буданд,
- 25 ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки шумо на Таъиншудаи Худо, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастед, ки дар мунтазираш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳед?»
- 26 26–27 «Ман бо об таъмид медиҳам, — ҷавоб дод Яҳё. — Вале дар байни шумо шахсе ҳаст, ки баъд аз ман меояд ва ман ҳатто лоиқи он нестам, ки банди пойафзолашро кушоям. Шумо Ӯро намешиносед».
- 28 Ҳамаи ин воқеа дар Байт-Ҳинӣ, дар соҳили дигари дарёи Урдун ба амал омад, ки Яҳё дар он ҷо мардумро таъмид медод.
- 29 Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида, гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад!
- 30 Ман дар бораи Ӯ гуфта будам, ки аз паси ман касе меояд, ки аз ман бузургтар аст, зеро пеш аз ман вуҷуд дошт.
- 31 Худи ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад».
- 32 Баъд шаҳодат дода гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳи Муқаддас монанди кабӯтар аз осмон фаромада, бар Ӯ қарор гирифт.
- 33 Худи ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Бар касе бинӣ, ки Рӯҳ бар Ӯ фаромада қарор мегирад, бидон, ки Вай ҳамон касест, ки бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад“.
- 34 Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».
- 35 Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод
- 36 ва Исои аз роҳ гузашта истодаро дида, гуфт: «Ана Ӯ Барраи Худо аст!»
- 37 Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд.
- 38 Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чиро мекобед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! Шумо дар куҷо зиндагӣ мекунед? (Маънои калимаи „Раббӣ“ устод аст)».
- 39 Ӯ гуфт: «Рафтем, мебинед». Вақте ки онҳо ҳамроҳаш рафта, ҷои истиқомати Ӯро диданд, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз бо Ӯ монданд.
- 40 Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд.
- 41 Ӯ аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта ба ӯ гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» (Маънои калимаи «Масеҳ» Таъиншудаи Худо аст).
- 42 Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ» (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ — маънои ҳардуяш ҳам «санг» аст).
- 43 Рӯзи дигар Исо қарор дод, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд.
- 44 Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус яке аз сокинони Байт-Сайдо буд.
- 45 Филиппус, дар навбати худ, Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо он касеро ёфтем, ки дар борааш Мӯсо дар шариат ва пайғамбарон дар гуфтаҳои худ навишта буданд! Ин Исои писари Юсуф, аз аҳли Носира аст».
- 46 «Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» — гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».
- 47 Исо Натаноили ба наздаш омада истодаро дида, дар бораи ӯ гуфт: «Ана ин исроилии ҳақиқист, ки дар дил макре надорад».
- 48 «Ту маро аз куҷо мешиносӣ?» — пурсид Натаноил. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳанӯз, пеш аз он ки Филиппус туро фарёд кунад, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам».
- 49 «Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» — гуфт Натаноил.
- 50 Исо ҷавоб дод: «Магар ту барои он имон овардӣ, ки „туро дар зери дарахти анҷир дида будам“ гуфтам? Ту корҳои аз ин ҳам бузургтарро мебинӣ.
- 51 Ба шумо рост мегӯям, ки баъд аз ин шумо осмонро кушода ва ба пеши Фарзанди Инсон фаромадану боло баромадани фариштагони Худоро хоҳед дид».