요한복음 7장 타지크어 (부분)
- 1 Баъд аз он Исо дар сарзамини Ҷалил мегашт. Ӯ намехост, ки дар Яҳудия бошад, чунки роҳбарони яҳудӣ хоҳони марги Ӯ буданд.
- 2 Иди Хаймаҳои яҳудиён наздик омад
- 3 ва бародарони Исо ба Ӯ гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада, ба Яҳудия рав! Бигзор шогирдонат ҳам корҳои мекардагиатро дар он ҷо бубинанд.
- 4 Зеро касе ки шӯҳрат пайдо кардан мехоҳад, корҳои худро дар пинҳонӣ намекунад. Ту, ки ин гуна корҳоро мекунӣ, худро ба ҷаҳон ошкор намо»
- 5 (Ҳатто бародаронаш ба Ӯ имон надоштанд).
- 6 «Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст, — ҷавоб дод ба онҳо Исо, — барои шумо ҳар вақт хуб аст.
- 7 Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, вале Маро бад мебинад, чунки Ман бад будани корҳои онро шаҳодат медиҳам.
- 8 Шумо ба ин ид равед, вале Ман намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз нарасидааст».
- 9 Инро ба онҳо гуфта, Исо дар Ҷалил монд.
- 10 Аммо, пас аз он ки бародаронаш ба ид рафтанд, Исо ҳам на ошкоро, балки пинҳонӣ ба он ҷо рафт.
- 11 Дар вақти ид роҳбарони яҳудӣ Ӯро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо «Ин одам дар куҷост?» гуфта мепурсиданд.
- 12 Дар байни мардум низ дар хусуси Ӯ баҳси зиёде ба миён омад. «Вай одами хуб аст», — мегуфтанд баъзеҳо, дигарон эътироз карда «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад» мегуфтанд.
- 13 Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намегирифтанд.
- 14 Дар миёни ҳафтаи ид Исо ба Хонаи Худо омада, ба таълим додан шурӯъ намуд.
- 15 Роҳбарони яҳудӣ тааҷҷуб карда мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар дониш дорад, дар сурате ки дар ҳеҷ ҷо таълим нагирифтааст?»
- 16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълимоти Ман аз худам нест, балки аз касест, ки Маро фиристодааст.
- 17 Касе ки хости Худоро ба ҷо овардан мехоҳад, мефаҳмад, ки ин таълимот аз Худост ё Ман аз худ мегӯям.
- 18 Ҳар кӣ аз номи худ сухан мегӯяд, барои худ шӯҳрат меҷӯяд, вале касе ки барои фиристандаи худ шӯҳрат ба даст овардан мехоҳад, ростқавл аст ва дар дили ӯ фиребе нест.
- 19 Магар Мӯсо ба шумо шариатро надодааст? Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадоми шумо онро риоя намекунед! Чаро Маро куштан мехоҳед?»
- 20 Мардум ҷавоб доданд: «Ту дев дорӣ! Кӣ Туро куштан мехоҳад?»
- 21 Исо ба онҳо гуфт: «Ман танҳо як кор кардам ва шумо ҳама дар тааҷҷуб мондед.
- 22 Мӯсо ба шумо анъанаи хатнаро фармуд (ин анъана на аз Мӯсо, балки аз аҷдодон мондааст) ва шумо писаронатонро ҳатто дар рӯзи истироҳат хатна мекунед.
- 23 Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мӯсо дар рӯзи истироҳат писаратонро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи истироҳат инсонеро пурра шифо бахшидам?
- 24 Аз рӯи намуди зоҳирӣ ҳукм накунед, балки аз рӯи адолат ҳукм кунед!»
- 25 Баъзе аз сокинони Ерусалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд?
- 26 Бинед, Ӯ рӯйирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход ҳукуматдорон фаҳмида бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Таъиншудаи Худо аст?
- 27 Мо бошем, аз куҷо будани ин одамро медонем. Аммо, вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, аз куҷо будани Ӯро ҳеҷ кас намедонад».
- 28 Он гоҳ Исо, ки дар Хонаи Худо машғули таълимдиҳӣ буд, хитоб карда гуфт: «Шумо Маро ва аз куҷо буданамро медонед-а? Ман аз номи худам наомадаам. Касе ки Маро фиристодааст, ҳақ аст. Шумо Ӯро намешиносед, вале
- 29 Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».
- 30 Сипас онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд.
- 31 Бо вуҷуди он, аз байни мардум бисёриҳо ба Ӯ имон оварда мегуфтанд: «Вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, магар аз ин одам бештар мӯъҷиза нишон дода метавонад?»
- 32 Фарисиён дар байни мардум пичир-пичиркунон дар бораи Исо гуфтани чунин чизҳоро шуниданд. Баъд онҳо ва сардорони рӯҳонӣ барои дастгир кардани Исо посбонони Хонаи Худоро фиристоданд.
- 33 Он гоҳ Исо гуфт: «Боз каме вақт бо шумо мемонаму баъд ба назди фиристандаи худ бармегардам.
- 34 Шумо Маро мекобед, аммо намеёбед. Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед».
- 35 Роҳбарони яҳудӣ ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо рафтан мехоҳад, ки мо Ӯро ёфта наметавонем? Оё Ӯ барои таълим додани ғайрияҳудиён ба шаҳрҳои онҳо рафтанист, ки мардуми мо низ он ҷо зиндагӣ мекунад?
- 36 Ӯ „Шумо Маро мекобед, аммо намеёбед“ ва „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта чиро дар назар дорад?»
- 37 Дар рӯзи охирин ва муҳимтарини ид Исо аз ҷояш бархеста, бо овози баланд эълон кард: «Касоне ки ташнаанд, назди Ман оянд ва бинӯшанд!
- 38 Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз ботини он касе, ки ба Ман имон меоварад, дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд».
- 39 Ӯ инро дар бораи Рӯҳе гуфт, ки касони ба Ӯ имоноварда қабул карданашон лозим буд. Рӯҳ ҳанӯз ато нашуда буд, зеро Исо ҳанӯз соҳиби тамоми шӯҳрату ҷалоли худ нагардида буд.
- 40 Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин одам дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо мунтазираш будем!»
- 41 «Ин Таъиншудаи Худо аст!» — мегуфтанд дигарон. Баъзеи дигарон мегуфтанд: «Таъиншудаи Худо ҳаргиз аз Ҷалил пайдо намешавад!
- 42 Охир, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо бояд аз авлоди шоҳ Довуд, дар деҳаи Байт-Лаҳм, ки Довуд зиндагӣ мекард, пайдо шавад».
- 43 Инак, дар байни мардум дар бораи Исо низоъ бархост.
- 44 Баъзеҳо мехостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин ҳеҷ кас ба Ӯ даст нарасонд.
- 45 Вақте ки посбонон ба назди сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён баргаштанд, аз посбонон пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?»
- 46 Посбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ин шахс сухан нагуфтааст!»
- 47 Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Наход Ӯ шуморо ҳам гумроҳ карда бошад?
- 48 Магар касе аз сардорон ё фарисиён ба Ӯ имон овардааст?
- 49 Мардум бошад, аз шариат бехабар ва лаънатзадаанд!»
- 50 Аммо яке аз онҳо Ниқодимус, ки пештар ба назди Исо омада буд, ба онҳо гуфт:
- 51 «Оё аз рӯи шариатамон мо касеро нашунида ва кори кардаашро муайян накарда, ба ӯ ҳукм мебарорем?»
- 52 Онҳо ҷавоб доданд: «Ту худат-ку аз Ҷалил нестӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад». [
- 53 Он гоҳ ҳама ба хонаҳояшон рафтанд.