요한복음 8장 타지크어 (부분)
- 1 Исо бошад, ба теппаи Зайтун рафт.
- 2 Саҳарии барвақт Ӯ боз ба Хонаи Худо омад. Тамоми мардум ба наздаш омаданд ва Ӯ нишаста ба таълим додани онҳо шурӯъ кард.
- 3 Дар ин вақт шариатдонону фарисиён ба назди Ӯ занеро оварданд, ки ҳангоми алоқаи беникоҳ доштанаш дастгир шуда буд. Ӯро дар пеши ҳама гузошта,
- 4 ба Исо гуфтанд: «Эй устод, ин зан ҳангоми алоқаи беникоҳ доштанаш дастгир шудааст.
- 5 Мӯсо дар шариат фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор карда шаванд. Шумо чӣ мегӯед?»
- 6 Онҳо ин суханонро барои ба дом афтондани Исо гуфтанд, то ки баъд Ӯро айбдор намоянд. Аммо Исо сарашро хам карда бо ангушташ дар рӯи замин чизе менавишт.
- 7 Онҳо савол доданро бас намекарданд, ки Исо бархеста, ба онҳо гуфт: «Касе ки дар байни шумо бегуноҳ бошад, бигзор аввалин шуда, ӯро бо санг занад!»
- 8 Исо боз сарашро хам карда дар рӯи замин менавишт.
- 9 Мардум инро шуниданду аз калонсолон сар карда яке аз паси дигар ба ҳар тараф пароканда шуданд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд.
- 10 Ӯ сари худро бардошта, аз зан пурсид: «Эй зан, ҳамаи онҳо куҷо рафтанд? Магар касе туро айбдор накард?»
- 11 «Ҳеҷ кас, хоҷа», — гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, — гуфт Исо. — Рав ва дигар гуноҳ накун». ]
- 12 Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт бо ӯст».
- 13 Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту аз номи худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати Ту эътибор надорад».
- 14 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман боэътибор аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед.
- 15 Шумо аз рӯи меъёри инсонӣ ҳукм мекунед, аммо Ман ҳеҷ касро ҳукм намекунам.
- 16 Агар Ман ҳукм кунам ҳам, ҳукми Ман ҳақ аст, чунки Ман танҳо нестам: Падаре, ки Маро фиристодааст, бо Ман аст.
- 17 Дар шариати шумо ҳам навишта шудааст, ки шаҳодати ду гувоҳ боэътибор аст.
- 18 Ман аз номи худам шаҳодат медиҳам ва Падаре, ки Маро фиристодааст, низ бар Ман шаҳодат медиҳад».
- 19 Бинобар ин онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро ва на Падарамро мешиносед, — ҷавоб дод Исо. — Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».
- 20 Ин суханонро Ӯ ҳангоми дар назди хазинаи Хонаи Худо таълим додан гуфта буд. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд.
- 21 Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман баъд аз чанд вақт меравам. Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале бо гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед».
- 22 Роҳбарони яҳудӣ гуфтанд: «Ӯ „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед“ гуфта чиро дар назар дошт? Оё Ӯ худкушӣ кардан мехоҳад?»
- 23 Исо ба онҳо гуфт: «Шумо аз олами поён ҳастед, вале Ман аз олами боло. Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале Ман аз ин ҷаҳон нестам.
- 24 Ман ба шумо гуфтам, ки „бо гуноҳҳоятон хоҳед мурд“. Зеро, агар бовар накунед, ки он чӣ дар бораам гуфтам, Ман ҳастам, шумо ҳатман бо гуноҳҳоятон мемиред!»
- 25 «Ту кистӣ?» — пурсиданд онҳо аз Исо. Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамонам, ки аз аввал ба шумо гуфта будам.
- 26 Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».
- 27 Онҳо нафаҳмиданд, ки Вай ба онҳо дар бораи Падар мегуфт.
- 28 Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Фарзанди Инсонро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки Ман ҳамонам ва аз худ ҳеҷ коре намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст.
- 29 Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам».
- 30 Бисёр касон аз рӯи ин суханон ба Ӯ имон оварданд.
- 31 Пас, Исо ба онҳое, ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо гуфтаҳои Маро риоя кунед, шогирдони ҳақиқии Ман мешавед
- 32 ва ростиро мефаҳмед ва ин ростӣ шуморо озод мекунад».
- 33 Онҳо гуфтанд: «Мо аз авлоди Иброҳим ҳастем ва ҳаргиз ғуломи касе набудем! Пас, „озод хоҳед шуд“ гуфта, чиро дар назар дорӣ?»
- 34 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ҳар касе ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст.
- 35 Ғулом дар як хонадон то охир зиндагӣ намекунад, аммо писар ҳамеша дар хонадон мемонад.
- 36 Агар Писар ба шумо озодӣ бахшад, он вақт ҳақиқатан озод хоҳед шуд.
- 37 Ман медонам, ки шумо аз авлоди Иброҳим ҳастед, бо вуҷуди он шумо барои куштани Ман тайёред, чунки суханони Маро қабул намекунед.
- 38 Ман ба шумо чизҳоеро мегӯям, ки дар назди Падарам дидаам, шумо бошед, он кореро мекунед, ки аз падари худ шунидаед».
- 39 «Аҷдоди мо Иброҳим аст!» — ба Ӯ ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ҳақиқатан аз авлоди Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед.
- 40 Вале шумо Маро, ки ростиро аз Худо шунида ба шумо гуфтам, куштан мехоҳед! Иброҳим чунин кор накардааст!
- 41 Шумо корҳои падари худро ба ҷо меоваред!» «Мо-ку ҳаромзода нестем! — ба ғазаб омаданд онҳо, — мо як падар дорем, ки Ӯ Худо аст!»
- 42 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст.
- 43 Чаро шумо суханони Маро намефаҳмед? Чунки шумо тоқати шунидани онҳоро надоред!
- 44 Падари шумо иблис аст ва шумо орзуву ҳаваси падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз азал одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, чун дар ӯ ростӣ нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост.
- 45 Лекин, азбаски Ман рост мегӯям, шумо ба Ман имон намеоред.
- 46 Кадоме аз шумо метавонад Маро дар ягон гуноҳ айбдор кунад? Пас, агар Ман ба шумо ростиро гӯям, чаро ба Ман имон намеоред?
- 47 Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад. Шумо барои он гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».
- 48 Мардум ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?»
- 49 Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари худро ҳурмат мекунам, вале шумо Маро бадном мекунед.
- 50 Ман дар ҷустуҷӯи шӯҳрати худ нестам, каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ довар мешавад.
- 51 Ба шумо рост мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».
- 52 Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо яқин донистем, ки Ту девона ҳастӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад.
- 53 Иброҳим мурд, магар Ту аз ӯ бузургтар ҳастӣ? Пайғамбарон ҳам мурдаанд. Ту худро кӣ ҳисоб мекунӣ?»
- 54 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман худро шӯҳрат медодам, шӯҳрати Ман арзише намедошт. Аммо Маро Падарам шӯҳрат медиҳад, ки шумо Ӯро Худои худ мехонед!
- 55 Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам.
- 56 Аҷдоди шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи омадани Маро мебинад. Вай ин рӯзро дид ва хурсанд шуд!»
- 57 «Ту ҳанӯз панҷоҳсола нашудаӣ ва наход Иброҳимро дида бошӣ?!» — гуфтанд одамон.
- 58 Исо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки пеш аз ба дунё омадани Иброҳим ҳам Ман ҳастам».
- 59 Он гоҳ онҳо барои сангсор кардани Ӯ санг гирифтанд, вале Исо худро пинҳон карда, аз Хонаи Худо баромада рафт.