요한복음 9장 타지크어 (부분)
- 1 Исо роҳравон шахсеро дид, ки кӯри модарзод буд.
- 2 Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Устод, аз барои гуноҳи кӣ ӯ кӯр таваллуд шудааст? Аз барои гуноҳи худаш ё гуноҳи падару модараш?»
- 3 Исо дар ҷавоб гуфт: «На аз барои гуноҳи худаш ва на аз барои гуноҳи падару модараш. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ҳаёти вай нишон дода шаванд.
- 4 То рӯз аст, мо бояд корҳои фиристандаи Маро иҷро кунем. Вақте ки шаб мешавад, касе кор карда наметавонад.
- 5 То Ман дар ҷаҳон ҳастам, Ман нури ҷаҳонам».
- 6 Инро гуфта, ба замин туф карду онро бо хок омехта, гилро ба чашмони кӯр молид ва
- 7 ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилӯаҳ (маънои он „фиристода“ аст) рӯятро бишӯй». Ӯ рафта, рӯяшро шусту бо чашмони бино баргашт.
- 8 Ҳамсояҳои ӯ ва касони дигаре, ки ӯро дар вақти садақа пурсиданаш дида буданд, ба ҳамдигар мегуфтанд: «Оё ин ҳамон шахс нест, ки нишаста гадоӣ мекард?»
- 9 «Бале, ин ҳамон шахс аст», — мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам.
- 10 «Ту чӣ тавр бино шудӣ?» — пурсиданд аз ӯ.
- 11 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Марде бо номи Исо гиле сохта, ба чашмони ман молиду гуфт, ки ба Шилӯаҳ рафта, рӯямро шӯям. Ман рафта, рӯямро шустаму бино шудам».
- 12 «Ӯ дар куҷост?» — пурсиданд онҳо. «Намедонам», — ҷавоб дод ӯ.
- 13 Мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
- 14 Рӯзе, ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи истироҳат буд.
- 15 Фарисиён ҳам ӯро пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам».
- 16 Баъзе аз фарисиён гуфтанд, ки одами ин корро карда аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи истироҳатро риоя намекунад. Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин мӯъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо низоъ ба вуҷуд омад.
- 17 Онҳо боз аз кӯр пурсиданд: «Ту дар бораи Вай чӣ гуфта метавонӣ? Охир Вай чашмони туро бино кард-ку». «Ӯ пайғамбар аст», — ҷавоб дод он мард.
- 18 Онҳо то падару модари он кӯрро даъват накарданд боварӣ надоштанд, ки ин одам пештар кӯр буду баъд бино шуд. Баъд аз даъват кардан
- 19 аз онҳо пурсиданд: «Ин писари шумост? Шумо мегӯед, ки ӯ кӯр таваллуд шуда буд. Пас, чӣ тавр ӯ ҳоло дида метавонад?»
- 20 Падару модари вай ҷавоб доданд: «Мо медонем, ки ин писари мост ва кӯр таваллуд шудааст.
- 21 Аммо намедонем, ки чӣ тавр ӯ акнун медидагӣ шуд ва кист он касе, ки чашмони ӯро шифо додааст. Аз худи ӯ бипурсед. Ӯ ба воя расидааст ва худаш дар бораи худ гуфта метавонад».
- 22 Падару модари ӯ аз тарси роҳбарони яҳудӣ чунин ҷавоб доданд, зеро роҳбарони яҳудӣ чунин қарор карданд: ҳар кӣ Исоро Таъиншудаи Худо гӯяд, аз ибодатхона ҷудо карда мешавад.
- 23 Барои ҳамин ҳам падару модари вай гуфтанд, ки «Ӯ ба воя расидааст, аз худаш пурсед».
- 24 Инак, шахсеро, ки кӯр буд, бори дигар ҷеғ зада, ба ӯ гуфтанд: «Ба Худо росташро бигӯй! Мо медонем, ки он шахс гунаҳкор аст».
- 25 «Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам, — ҷавоб дод ӯ. — Ҳаминашро медонам, ки ман кӯр будам ва акнун мебинам».
- 26 Онҳо боз пурсиданд: «Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро бино кард?»
- 27 «Ман ба шумо гуфта будам, вале шумо гӯш накардед, — ҷавоб дод ӯ. — Чаро боз шунидан мехоҳед? Шояд шумо ҳам шогирди Ӯ шуданӣ ҳастед?»
- 28 Онҳо ӯро ҷанг карда: «Ин ту шогирди Ӯ ҳастӣ, аммо мо шогирдони Мӯсо ҳастем.
- 29 Мо медонем, ки Худо бо Мӯсо гап задааст, вале дар бораи ин одам бошад, ҳатто аз куҷо буданашро намедонем».
- 30 Он мард дар ҷавоб гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ҳол он ки Ӯ чашмони маро бино кард.
- 31 Мо медонем, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанду хости Ӯро иҷро мекунанд.
- 32 Аз рӯзе, ки олам ҳаст, боре нашунидаем, ки касе кӯри модарзодро бино карда бошад!
- 33 Агар Ӯ аз ҷониби Худо намеомад, Ӯ ҳеҷ чиз карда наметавонист!»
- 34 Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Ту пурра дар гуноҳ таваллуд шудаӣ ва боз моро таълим медиҳӣ!» Инро гуфта, ӯро берун ронданд.
- 35 Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Фарзанди Инсон имон дорӣ?»
- 36 Ӯ ҷавоб дод: «Хоҷа, ба ман бигӯ, ки Ӯ кист, то ба Ӯ имон оварам».
- 37 «Ту Ӯро дидаӣ, — гуфт Исо. — Ӯ ҳамон касест, ки ҳоло бо ту гап мезанад».
- 38 «Эй Худованд, имон дорам!» — ҷавоб дод вай ва ба Исо саҷда кард.
- 39 Исо гуфт: «Ман ба ин ҷаҳон барои доварӣ омадам, то онҳое, ки кӯр ҳастанд, бино шаванд ва онҳое, ки мебинанд, кӯр шаванд».
- 40 Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Шумо моро-ку кӯр намешуморед?»
- 41 Исо ҷавоб дод: «Агар шумо дар ҳақиқат кӯр мебудед, дар гуноҳ айбдор намешудед. Вале ҳоло худатон мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳатон дар гардани худатон мемонад».