데살로니가전서 3장 타지크어 (부분)
- 1 Пас, чун дигар тоқати ҷудоӣ надоштем, фикр кардем, ки дар шаҳри Атино худ танҳо бимонем,
- 2 вале ба назди шумо ба шаҳри Таслӯникӣ Тимотиюсро фиристем. Ҳамон Тимотиюсро, ки бародари мо буда, дар эълон кардани хушхабари Масеҳ хизматгори Худо мебошад. Хостем, ки ӯ шуморо дар имонатон устувор ва боқувват гардонад,
- 3 то касе аз шумо ҳангоми азобҳо ба дудилагӣ роҳ надиҳад. Шумо пештар ҳам медонистед, ки мо бояд азоб кашем.
- 4 Охир, ҳангоми дар назди шумо буданамон ҳам огоҳ карда будем, ки моро азоб дода, дунболагирӣ хоҳанд кард. Чуноне ки мебинед, ҳамин тавр ҳам шуд.
- 5 Аз ин сабаб, вақте ки тоқатам тоқ шуд, ба назди шумо Тимотиюсро фиристодам, то дар бораи имонатон бифаҳмад; мабодо иблиси васвасакор шуморо аз роҳ занад ва тамоми меҳнатамон барбод равад.
- 6 Вале алҳол Тимотиюс аз наздатон баргашта, дар бораи муҳаббату имони шумо хабарҳои хуш овард. Ӯ ба мо нақл кард, ки шумо ҳамеша бо некӣ моро ёд мекунед ва мехоҳед, ки моро боз бубинед, чуноне ки мо ҳам хоҳони дидори шумоем.
- 7 Бародарон, дар ин ҳама ранҷу азобу душвориҳоямон имони шумо моро рӯҳбаланд кард.
- 8 Агар имони шумо ба Худованд устувор бошад, мо ҳам зиндадил мегардем.
- 9 Бародарони таслӯникӣ, дар ҳузури Худо шумо ба мо хурсандии бузурге бахшидед, ки барои он Худоро беохир шукр мегӯем.
- 10 Мо шабу рӯз аз таҳти дил дуо мегӯем, ки боз бо шумо вохӯрем, то норасоии имонатонро пурра гардонем.
- 11 Бигзор худи Худо — Падар ва Худовандамон Исо моро сӯи шумо равона кунад!
- 12 Бигзор Худованд бо он муҳаббати бузурге, ки нисбат ба шумо дорем, шуморо ҳам нисбат ба якдигар ва ҳамагон пур ва лабрез намояд.
- 13 Ҳамин тавр, Ӯ дили шуморо боқувват гардонад, то ҳамон рӯзе, ки Худованд Исо бо пайравонаш меояд, дар пеши Худо-Падарамон беайб ва пок бошед.