데살로니가전서 5장 타지크어 (부분)
- 1 Бародарон, ҳоҷат нест, ки мо ба шумо дар бораи вақту соати он рӯз нависем.
- 2 Зеро шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ногаҳон фаро мерасад мисли дузде, ки шабона меояд.
- 3 Ҳангоме ки одамон «дар ҳама ҷо сулҳу осоиштагӣ» мегӯянд, ногаҳон ҳалокат меояд, мисли он ки пеш аз таваллуд зани ҳомиладорро дард мегирад. Ҳамин тавр, ба онҳо низ роҳи гурез нест.
- 4 Аммо шумо, бародарон, дар торикӣ нестед, то ки он рӯз ногаҳон чун дузд шуморо дар ғафлат ёбад.
- 5 Зеро ҳамаи шумо писарони нур ва рӯзи равшан ҳастед. Мо аз они шаб ва торикӣ нестем.
- 6 Инак, мисли дигарон дар хоби ғафлат намонем, балки бедор ва ҳушёр бошем.
- 7 Чунки онҳое, ки хобанд, шабона хоб мераванд; онҳое, ки бадмастанд, шабона шароб менӯшанд.
- 8 Лекин мо аз они нури рӯз ҳастем, пас биёед имону муҳаббатро ҳамчун либоси ҷангӣ дар бар кунем ва умеди наҷоти ояндаро ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ба сар кашида, ҳушёр биистем.
- 9 Зеро Худо моро на барои ғазабаш, балки барои наҷот ба воситаи Худованди мо, Исои Масеҳ пешакӣ муайян кардааст.
- 10 Исо барои мо ҷонашро фидо кард, то ки мо хоҳ зинда бошем, хоҳ мурда — ҳамроҳи Ӯ зиндагӣ кунем.
- 11 Пас рӯҳбаланд кардан ва устувор гардондани якдигарро давом диҳед.
- 12 Бародарон, аз шумо хоҳиш мекунем: намояндагони Худовандро, ки дар байни шумо меҳнат ва шуморо роҳбарию насиҳат мекунанд, иззат намоед.
- 13 Барои корашон онҳоро ҳурмату эҳтиром кунед ва дӯст доред. Бо якдигар сулҳу осоиштагӣ дошта бошед.
- 14 Эй, бародарон, аз шумо илтиҷо мекунем, ки танбалонро насиҳат кунед; ба тарсончакон қувват бахшед; сустимонҳоро дастгирӣ кунед; нисбат ба ҳама сабру тоқат дошта бошед.
- 15 Нагузоред, ки касе ба ивази бадӣ бо бадӣ ҷавоб диҳад, балки ҳамеша нисбат ба якдигар ва ҳама ба некӣ кардан кӯшиш кунед.
- 16 Ҳама вақт шод бошед,
- 17 ҳамеша дуо гӯед,
- 18 дар ҳар ҳолат Худоро шукр гӯед, зеро хости Худо барои шумо, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ доред, ҳамин аст.
- 19 Ба кори Рӯҳи Пок халал нарасонед;
- 20 пешгӯйиҳоро зери пой нанамоед,
- 21 лекин ҳамаи инро санҷида, пешгӯйиҳои хубро қабул кунед,
- 22 аз ҳар намуди бадаш дурӣ кунед!
- 23 Бигзор худи Худои осоиштагӣ шуморо комилан пок гардонад, то ки ҳангоми бозгашти Худованди мо Исои Масеҳ тамоми вуҷудатон, яъне рӯҳ, ҷон ва ҷисматон беайб нигоҳ дошта шавад.
- 24 Худо — Даъваткунандаи шумо вафодор аст ва Ӯ шуморо беайб нигоҳ медорад.
- 25 Бародарон, барои мо дуо кунед.
- 26 Ҳамаи бародаронро ба оғӯш гирифта, салом расонед.
- 27 Дар назди Худованд шуморо вазифадор мекунам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарон хонед.
- 28 Файзу марҳамати Худованд Исои Масеҳ бо шумо бошад!