빌레몬서 1장 타지크어 (부분)
- 1 Филемӯни азиз, дӯст ва ҳамхизмати мо! Ман Павлус, ки бандии Исои Масеҳ ҳастам, ҳамроҳи бародари имондори мо Тимотиюс ба ту
- 2 ва ба имондороне, ки дар хонаат ҷамъ мешаванд, салом мерасонем. Ҳамчунин, ба хоҳари имондори мо Апия ва ба ҳамсафи мо Архипус саломи моро бирасон.
- 3 Бигзор файз ва осоиши Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳ бар шумо бод!
- 4 Ман ҳамеша туро ба ёд оварда, дар дуоҳоям Худои худро шукр мегӯям,
- 5 зеро шунидам, ки ту — Филемӯн муқаддасони Худоро дӯст медоштаӣ ва ба Худованд Исои Масеҳ имон доштаӣ.
- 6 Бигзор имони ту, ки дар бародарӣ дида мешавад, фаҳмиши туро дар бораи ҳама баракатҳое, ки дар Масеҳ дорӣ, афзун намояд.
- 7 Бародар Филемӯн, муҳаббати ту маро хеле хурсанд ва рӯҳбаланд намуд, чунки ту ба дили муқаддасон қувват бахшидӣ.
- 8 Алҳол дар имон, ки ба Масеҳ дорем, метавонистам далерона ба ту кореро бифармоям.
- 9 Лекин баҳри муҳаббати мо ҳамчун Павлуси пир ва шахсе, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ аст, аз ту танҳо хоҳиш мекунам.
- 10 Хоҳиши ман дар бораи Онисимус аст, ки дар зиндон ба воситаи ман имон овард.
- 11 Пеш Онисимус ба ту даркор набуд, лекин ҳоло ба ҳардуямон ҳам даркор аст.
- 12 Ӯро ба ту гӯё бо ҷони худ бармегардонам.
- 13 Хеле мехостам, дар наздам бошаду, ҳангоме ки барои хушхабар зиндонӣ ҳастам, ба ҷойи ту ба ман хизмат кунад.
- 14 Аммо нахостам бе розигият коре бикунам, то некии ту на ба тарзи маҷбурӣ, балки бо хости ту бошад.
- 15 Шояд Онисимус барои ҳамин муддате аз ту ҷудо карда шуда бошад, ки сипас то абад бо ту монад.
- 16 Лекин акнун на чун ғуломи ту, балки хеле беҳтар аз ғулом, ҳамчун бародари азизат бошад. Барои ман Онисимус хеле азиз аст, лекин барои ту ӯ ҳамчун коргар ва пайрави Масеҳ азизтар аст.
- 17 Инак, агар маро шарики худ донӣ, ӯро чун ман қабул намо.
- 18 Агар пеши ту хатое карда бошад ё қарзе дошта бошад, онро ба ҳисоби ман гузарон.
- 19 Инак, ман, Павлус, бо дасти худ ба ту менависам, ки қарзҳои ӯро бармегардонам, агарчи метавонистам гӯям, ки худи ту бо буду шудат аз ман қарздор ҳастӣ.
- 20 Бале, бародар Филемӯн, мехоҳам ба хотири Худованд аз ту фоидае бинам. Диламро дар Масеҳ қувват бубахш!
- 21 Дилам аз ту пур аст, ки гапи маро ба замин намегузорӣ. Бинобар ин, ба ту менависам, зеро медонам, ки барои ман аз хоҳишам бештар хоҳӣ кард.
- 22 Боз як хоҳиши дигар дорам: барои ман ҳуҷрае омода намо, зеро умед дорам, ки ба сабаби дуоҳои шумо ба наздатон бозгардам.
- 23 Эпафрос, ки ба хотири Исои Масеҳ бо ман зиндонӣ аст,
- 24 ҳамчунин ҳамкоронам: Марқӯс, Ористархус, Димос ва Луқо ба ту салом мегӯянд.
- 25 Хайр, файзи Худованд Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод!