야고보서 2장 타지크어 (부분)
- 1 Эй бародаронам, шумо ки ба Худованди пуршӯҳрату ҷалоламон Исои Масеҳ имон овардаед, ҳаргиз рӯйбинӣ накунед.
- 2 Фарз кунем, ки шахсе бо ангуштарини тилло дар даст ва либосҳои қиматбаҳо дар тан ба ҷамъомади шумо медарояд. Ҳамин вақт як камбағале ҳам бо либоси кӯҳнаву ҷанда дохили маҷлис мешавад.
- 3 Шумо бошед, ба шахси сарулибоси қиматбаҳо пӯшида «Аз боло гузаред!» мегӯеду ба камбағал «Ана, ҳо дар он ҷо ист» ё «Пеши пойҳои ман, рӯйи замин нишин» мегӯед.
- 4 Пас, магар дар байнатон рӯйбинӣ нест ва оё шумо аз рӯйи фикрҳои бад ҳукм намекунед?
- 5 Гӯш кунед, бародарони азизам. Охир Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки дар назари мардуми ҷаҳон камбағал, аммо аз ҷиҳати имон бой ҳастанд ва подшоҳии Худо, ки Ӯ ба дӯстдорони худ ваъда додааст, насибашон мегардад.
- 6 Шумо бошед, камбағалонро меранҷонед. Магар худи ҳамин бойҳо шуморо сӯйиистеъмол намекунанд ва ба пеши қозӣ намебаранд?
- 7 Магар онҳо шахсоне нестанд, ки номи бошарафи Масеҳро дашном медиҳанд? Дар ҳоле ки шумо аз они Масеҳ ҳастед.
- 8 Пас, агар шумо аз рӯйи шариати Шоҳи мо рафтор намоед, ки он дар навиштаҷот омадааст: «Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем», он гоҳ кори хуб мекунед.
- 9 Аммо агар рӯйбинӣ намоед, гуноҳ содир мекунед ва аз рӯйи шариат шумо қонуншикан ҳисоб мешавед.
- 10 Зеро агар шахсе ҳамаи гуфтаҳои шариатро иҷро намуда, фақат як нуқтаи онро вайрон кунад, дар шикастани тамоми қонуни шариат айбдор мегардад.
- 11 Зеро ҳамоне ки «Алоқаи ғайриникоҳ накун» гуфтааст, ҳамчунин фармудааст, ки «Одамкушӣ накун». Пас, агар шумо алоқаи ғайриникоҳ накунед, вале одам кушед, қонуншикан мешавед.
- 12 Бинобар ин гуфтору рафтори шумо бояд мисли гуфтору рафтори шахсе бошад, ки аз рӯйи шариати озодибахшанда ҳукм хоҳад шуд.
- 13 Зеро ба шахсе, ки нисбати дигарон раҳму шафқат нишон намедиҳад, дар вақти ҳукмшавӣ ба ӯ низ раҳму шафқат нишон дода намешавад. Чунки раҳму шафқат бар ҳукм дастболо мешавад.
- 14 Инак, эй бародаронам, чӣ фоида аст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, аммо амал накунад? Магар чунин имон вайро наҷот дода метавонад?
- 15 Фарзи мисол, як бародар ё хоҳаре аз ҷумлаи имондорон сарулибос ва ризқу рӯзӣ надошта бошаду
- 16 яке аз шумо ба вай гӯед, ки «Сиҳату саломат гарду ҳеҷ гуруснагию хунукиро аз сар нагузарон», аммо ба мӯҳтоҷии моддиаш ҳеҷ кӯмак накунед, пас аз суханони шумо чӣ фоида аст?
- 17 Имон ҳам айнан мисли ҳамин беамал бошад, имони мурда аст.
- 18 Шояд касе мегӯяд: «Яке имон дорад, дигаре бошад, амал мекунад». Ман мегӯям: «Канӣ ба ман имони беамалро нишон деҳ ва ман ба ту дар амали худ имонамро нишон медиҳам».
- 19 Ана ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст. Кори хуб мекунӣ! Аммо ҳатто девҳо ба ин бовар мекунанд ва бинобар ин меларзанд.
- 20 Эй беақл, мехоҳӣ исбот кунам, ки имон беамал фоида надорад?
- 21 Бубин, ки аҷдодамон Иброҳим писараш Исҳоқро дар болои қурбонгоҳ қурбонӣ карданӣ шуд. Магар аз рӯйи ҳамин амалаш ӯ беайб шуморида нашуд?
- 22 Мебинӣ, ки ӯ ҳам бовар карду ҳам амал кард ва имонаш бо амалаш пурра шуд.
- 23 Ана ҳамин тавр, гуфтаҳои навиштаҷот дар бораи Иброҳим, ки «Вай ба Худо имон оварду аз рӯйи он беайб ҳисоб шуд» иҷро гаштанд ва ӯ дӯсти Худо номида шуд.
- 24 Пас, ҳоло мебинед, ки инсон на фақат аз рӯйи имонаш, балки ҳамчунин аз рӯйи амалаш сафед мешавад.
- 25 Ба монанди ин ҳатто фоҳишае ба номи Роҳоб бо амалаш беайб ҳисоб шуд. Ӯ ба ҷосусони аз тарафи халқи Худо фиристодашуда паноҳ дода, баъд онҳоро аз роҳи дигар ба саломатӣ равона карда буд.
- 26 Хулоса, ҳамон тавре ки бадан бе рӯҳ мемирад, имон низ бе амал мемирад.