요한삼서 1장 타지크어 (부분)
- 1 Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба Ғаюси азиз, ки дар ростӣ ӯро дӯст медорам.
- 2 Дӯсти азизам, ман дуо мекунам, ки аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ ёбӣ ва сиҳату саломат бошӣ, чуноне ки дилу ҷонат равнақ меёбад.
- 3 Вақте ки чанд бародарон омада, ба ман шаҳодат доданд, ки ту ба ростӣ бовафо ҳастӣ ва дар роҳи ростӣ меравӣ, ман бениҳоят хурсанд шудам.
- 4 Аз шунидани он, ки фарзандони ман дар роҳи ростӣ мераванд, бароям хурсандии бузургтаре нест.
- 5 Дӯсти азиз, ту дар он рафторе, ки нисбат ба бародарон мекунӣ, асосан ба бародарони бароят ношинос бовафо ҳастӣ.
- 6 Ин бародарон дар бораи муҳаббати ту дар пеши ҷамоати имондорон шаҳодат доданд. Кори хуб мекунӣ, агар онҳоро тавре ба сафарашон гусел намоӣ, ки иззати Худоро ба ҷо меорад.
- 7 Чунки онҳо аз барои номи Ӯ ба сафар баромадаанд ва аз беимондорон чизе қабул накарданд.
- 8 Бинобар ин мо бояд чунин одамонро таъмин намоем, то ки дар роҳи ростӣ ҳамкор шавем.
- 9 Ман дар бораи ин ба ҷамоати имондорон нависта будам, аммо ҳамон Деотрефес, ки роҳбарӣ карданро дӯст медорад, гапи моро дар замин монд.
- 10 Пас, дар сурати омаданам, ман корҳои ӯро ва суханони зишташро, ки бар зидди мо мегӯяд, ба рӯи об мебарорам. Ба ӯ ин корҳояш ҳам кам аст, ки боз аз қабул кардани бародарон рӯй мегардонад. Ӯ ба дигарон низ, ки қабул кардан мехоҳанд, роҳ намедиҳад. Ҳатто онҳоро аз ҷамоати имондорон берун мекунад.
- 11 Дӯсти азизам, рафтори хубро тақлид кун ва на рафтори бадро. Зеро ҳар кӣ хубӣ мекунад аз ҷониби Худо аст. Аммо касе, ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.
- 12 Ана Деметрусро ҳама таъриф мекунанд, ҳатто худи ростӣ инро тасдиқ мекунад. Мо ҳам дар бораи ӯ шаҳодат медиҳем ва ту медонӣ, ки шаҳодати мо рост аст.
- 13 Боз зиёд чиз ба ту гуфтанӣ ҳастам, лекин намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯи коғаз нависам.
- 14 Ман умедворам, ки ба зудӣ туро мебинам ва чашм ба чашм гап мезанем.
- 15 Саломат бош. Дӯстони инҷо будаат ба ту салом мегӯянд, ту низ дӯстони онҷоро як ба як салом гӯй.