룻기 3장 타지크어 (부분)
- 1 Боре Ноомӣ, хушдомани Рут, ба ӯ гуфт: «Духтарам, ман бояд бароят паноҳгоҳе пайдо кунам, то ки ту бароҳат бошӣ.
- 2 Ҳамон Бӯаз, ки ту ҳамроҳи хизматгоронаш кор кардӣ, хеши мост. Акнун гӯш кун. Ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷав бод мекунад.
- 3 Ту худатро тоза бишӯй, каме атр бизан ва либоси беҳтаринатро пӯшида, ба хирманҷо рав. Аммо то хӯрдану нӯшиданро тамом накунад, худро ба ӯ нишон надеҳ.
- 4 Вақте ки хоб меравад, ҷойи хобашро фаҳм, ки дар куҷост. Он гоҳ ба назди ӯ рафта, кӯрпаи ӯро аз рӯйи пойҳояш кушода, назди пойҳояш хоб кун. Пас худи ӯ мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ».
- 5 Рут дар ҷавоб гуфт: «Ҳамаи гуфтаҳоятро иҷро мекунам».
- 6 Пас Рут ба хирманҷо рафта, ҳамон тавре ки хушдоманаш фармуда буд, амал кард.
- 7 Вақте ки Бӯаз хӯрдану нӯшиданро тамом кард, хушҳол шуд ва назди охирин хирмани ҷав рафта, хобид. Рут оҳиста ба ӯ наздик шуд ва як гӯшаи кӯрпаи ӯро бардошта, дар поёни пойи Бӯаз дароз кашид.
- 8 Нисфи шаб Бӯаз ногаҳон аз хоб бедор шуд ва чун дид, ки зане дар поёни пойҳояш хобидааст, ҳайрон шуд.
- 9 Бӯаз «Ту кистӣ?» гуфта пурсид. Рут ҷавоб дод: «Ман канизи шумо, Рут ҳастам. Шумо ки хеши наздиктарини мо ҳастед, хоҳиш мекунам, сарпарастии маро ба ӯҳда гиред».
- 10 Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ.
- 11 Духтарам, дигар натарс, ҳама хоҳишатро иҷро мекунам. Тамоми мардуми шаҳр медонанд, ки ту зани баномусӣ.
- 12 Дуруст аст, ки ман — хеши ту, вале аз ман дида, боз хеши наздиктар ҳаст.
- 13 Шабона ин ҷо бимон. Фардо субҳ мефаҳмам, ки оё ӯ ҳимояи туро ба ӯҳда мегирад ё не. Агар бигирад, хуб аст, вагарна ба Худои зинда қасам, ки худам туро мегирам. Ҳоло то саҳар ин ҷо хоб кун».
- 14 Пас Рут то саҳар дар поёни пойҳои Бӯаз хобид. Аммо, чашми рӯз ҳанӯз накафида, аз хоб бедор шуд. Бӯаз намехост, ки касе ба хирманҷо омадани занро бифаҳмад.
- 15 Ӯ ба Рут гуфт: «Рӯймолатро ба рӯйи замин паҳн кун». Рут ҳамин тавр кард. Бӯаз дар он тақрибан 25 кило ҷав рехт ва онро ба китфи Рут гузошт. Баъд худ ба шаҳр рафт.
- 16 Ҳангоме ки Рут ба назди хушдоманаш омад, Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Хуб, чӣ гап, духтарам?» Рут ҳамаи ҳодисаро гуфт, ки Бӯаз барои ӯ чӣ кор кард
- 17 ва илова намуд: «Бӯаз ба ман гуфт, ки набояд бо дастони холӣ ба назди ту баргардам. Ӯ ҳамаи ин ҷавро ба ман дод».
- 18 Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Ҳоло сабр кун, духтарам, ки натиҷаи ин кор чӣ мешавад, зеро ин шахс то ин масъаларо имрӯз ҳал накунад, ором намешавад».