마가복음 3장 타지크어 (부분)
- 1 Бори дигар Исо ба ибодатхона рафт ва дар он ҷо марди дасташ хушкшудае буд.
- 2 Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи истироҳат шифо мебахшад ё не. Агар шифо бахшад, Ӯро айбдор кунанд.
- 3 Исо ба он марди дасташ хушкшудае гуфт, ки дар назди ҳама рост истад.
- 4 Сипас ба тарафи онҳо нигоҳ карда гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи истироҳат чӣ равост: некӣ ё бадӣ кардан; наҷот додани ҷон ё нобуд кардани он?» Аммо онҳо хомӯш буданд.
- 5 Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз якравиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд.
- 6 Фарисиён аз ибодатхона баромада, зуд бо аъзоёни ҳизби ҳиродиён муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд.
- 7 Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи кӯл равона шуд, мардуми бисёре аз сарзамини Ҷалилу Яҳудия,
- 8 аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзамини Адӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд.
- 9 Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон Ӯро пахш накунанд.
- 10 Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро пахш мекарданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд.
- 11 Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!»
- 12 Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки Ӯро маълум накунонанд.
- 13 Сипас Исо ба баландие баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо омаданд.
- 14 Баъд аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро вакил таъин намуд, ки доимо бо Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои ба мардум эълон кардани хушхабари Худо фиристад
- 15 ва онҳо қудрати берун кардани девҳоро дошта бошанд.
- 16 Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус меномид,
- 17 Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид,
- 18 Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Ёқуб, ки писари Ҳалфӣ буд, Таддо, Шимъӯни Ватандӯст
- 19 ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.
- 20 Мардуми зиёде боз ҷамъ омадаанд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд.
- 21 Бо шунидани ин хабар аҳли оилаи Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро одамон мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст.
- 22 Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад».
- 23 Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад?
- 24 Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад.
- 25 Хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад.
- 26 Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад.
- 27 Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр зада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад, ана баъд хонаашро ғорат карда метавонад.
- 28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани кофиронае, ки мегӯяд, бахшида мешавад.
- 29 Вале агар касе бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона гӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва ин гуноҳаш то абад хоҳад монд».
- 30 Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш «Ӯ дар худ рӯҳи нопок дорад» мегуфтанд.
- 31 Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад.
- 32 Исо дар байни мардум нишаста буд, ки онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронатон дар берун истодаанд ва Шуморо мепурсанд».
- 33 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? —
- 34 ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, — Ана, инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд.
- 35 Ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо орад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».