누가복음 24장 타지크어 (부분)
- 1 Рӯзи якшанбе, саҳарии барвақт занҳо атрҳои хушбӯйро гирифта, ба сӯи қабр равона шуданд.
- 2 Вале омада диданд, ки санги даҳани қабр ба як тараф ғелонда шудааст.
- 3 Онҳо ба дарун даромада ҷасадро наёфтанд.
- 4 Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду одам пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд.
- 5 Занҳо аз тарс худро рӯй ба замин партофтанд, вале он ду нафар ба онҳо гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо мекобед?
- 6 Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Вай ба шумо чӣ гуфта буд?
- 7 Ӯ гуфта буд, ки Фарзанди Инсон бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад».
- 8 Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд.
- 9 Сипас он занҳо аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ шогирд ва ҳамаи дигарон нақл намуданд.
- 10 Дар ин бора ба вакилон Марями Маҷдалия, Юҳона, Марям, ки модари Ёқуб буд ва занҳои дигар низ нақл карданд.
- 11 Вале суханони онҳо ба назари вакилон ҳамчун сафсатаи бофташуда намуд ва онҳо ба гапи занҳо бовар накарданд.
- 12 Петрус бошад, ҳамон замон ба сӯи қабр давида, ба даруни он нигоҳ кард, лекин танҳо кафани холиро диду аз ин ҳодиса ҳайрон шуда, ба хона баргашт.
- 13 Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан 12 километр аз Ерусалим дур буд.
- 14 Роҳравон бо якдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.
- 15 Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд.
- 16 Аммо чашмони он ду нафарро гӯё чизе гирифта бошад, ки Исоро медиданду намешинохтанд.
- 17 Пас, Ӯ ба сухан даромада аз онҳо пурсид: «Шумо роҳравон чиро муҳокима мекунед?» Онҳо, ки чеҳраҳои ғамгин доштанд, бозистоданд
- 18 ва якеашон, ки Клеюпос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Магар Шумо ягона мусофире дар Ерусалим ҳастед, ки аз воқеаи ҳамин рӯзҳо дар ин ҷо рӯйдода хабар надоред?»
- 19 Исо пурсид: «Аз кадом воқеа?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеае, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд.
- 20 Вале сардорони рӯҳонӣ ва аъзоёни шӯрои мо Ӯро ба дасти румиён супориданд, то ба марг маҳкум намоянд ва Ӯро ба салиб мехкӯб карданд.
- 21 Мо бошем, умед доштем, ки Ӯ Исроилро озод мекунад. Ҳа, боз як чиз… Имрӯз се рӯз мешавад, ки ин воқеа рӯй дод
- 22 ва ҳоло занҳои гурӯҳамон моро ҳайрон карданд. Онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафта,
- 23 ҷасади Исоро наёфтанд. Сипас баргашта, арз намуданд, ки ба онҳо фариштагон зоҳир шуда гуфтанд, ки Ӯ зинда аст.
- 24 Чанд нафар аз гурӯҳи мо ба сари қабр рафта, ҳамон тавре ки занҳо гуфта буданд, дарёфтанд, вале худи Исоро надиданд».
- 25 Исо ба он ду нафар гуфт: «Оҳ, чӣ хел шумо кундфаҳм ҳастед! Бо чӣ душворӣ ба ҳамаи он чизе, ки пайғамбарон гуфта буданд, имон меоваред!
- 26 Магар Таъиншудаи Худо пеш аз соҳиби тамоми шӯҳрату ҷалолаш шудан набояд ҳамаи ин азобро аз сар мегузаронд?»
- 27 Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мӯсо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷои навиштаҷотро, ки дар борааш чизе гуфта шуда буд, ба онҳо фаҳмонд.
- 28 Вақте он ду нафар ба деҳае, ки мерафтанд, наздик шуданд, ба назарашон намуд, ки Исо роҳашро давом додан мехоҳад.
- 29 Вале онҳо Ӯро бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Бо мо бимон. Рӯз ба охир расида истодаасту шом наздик аст». Исо ба хона даромада, бо он ду нафар монд.
- 30 Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод.
- 31 Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт.
- 32 Онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Вақте ки Ӯ дар роҳ бо мо сӯҳбат мекарду навиштаҷотро мефаҳмонд, магар мо ба ҳаяҷон намеомадем?»
- 33 Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Ерусалим баргаштанду он ёздаҳ вакил ва пайравони дигари Исоро ҷамъ шуда ёфтанд,
- 34 ки байни худ мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд аз мурдагон зинда шуд! Вай ба Шимъӯн зоҳир гардидааст».
- 35 Баъд он ду нафар низ ба ҷамъшудагон нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ хел онҳо Исоро дар вақти нон шикастанаш шинохтанд.
- 36 Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, баногоҳ дар мобайнашон Исо пайдо шуда ба онҳо гуфт: «Худо шуморо баракат диҳад!»
- 37 Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд.
- 38 Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд?
- 39 Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад».
- 40 Инро гуфта, ба онҳо дастону пойҳои худро нишон дод.
- 41 Онҳо аз хурсандӣ ҳеҷ бовар карда наметавонистанду хеле ҳайрон буданд. Он гоҳ Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо дар ин ҷо ягон чизи хӯрданӣ доред?»
- 42 Онҳо ба Исо як бурда моҳии пухтагӣ доданд.
- 43 Вай моҳиро гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.
- 44 Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳоеро, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мӯсо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».
- 45 Он гоҳ Исо хиради онҳоро равшан сохт, то ки маънои навиштаҷотро фаҳмида тавонанд.
- 46 Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад.
- 47 Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад
- 48 ва шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед.
- 49 Ман ба шумо чизи Падарам ваъдакардаро мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Ерусалим бимонед».
- 50 Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байт-Ҳинӣ рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод.
- 51 Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд
- 52 ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бепоён ба Ерусалим баргаштанд.
- 53 Сипас, тамоми вақти худ дар ҳавлии Хонаи Худо монда, Худоро ҳамду сано мехонданд.